Ҷамъбасти озмуни «Санъати афсонагӯӣ»
Душанбе,18 декабр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни байналмилалии сенарияҳо аз рӯи афсона, ривоят ва ҳамосаҳои халқҳои Осиё таҳти унвони «Санъати афсонагӯӣ», 17 декабр дар Душанбе баргузор гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ доданд, се сол инҷониб бо иқдоми Вазорати фарҳанг, варзиш ва туризми Ҷумҳурии Корея дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг, иттилоот ва туризми Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорат оид ба корҳои фарҳанг ва варзиши ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон озмуни байналмилалии сенарияҳо аз рӯи афсона, ривоят ва ҳамосаҳои халқҳои Осиё таҳти унвони «Санъати афсонагӯӣ» эълон шудааст, ки ҳадафи асосии он дарёфти асарҳои саҳнавии дорои арзишҳои баланди фарҳангӣ ба хотири таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиё дар ҷодаи санъати театрӣ ва филмофарӣ мебошад.Мавриди зикр аст, ки соли 2011 Ҷумҳурии Қирғизистон бо сенарияи филми ҳунарии «Ашки духтари ҷасур», соли 2012 Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сенарияи филми ҳунарии «Алпомиш» Шоҳҷоизаи Кумитаи Осиёгии озмунро соҳиб шуданд.Имсол ба гирифтани Шоҳҷоизаи озмун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллифони сенарияи спектакли «Мақсуд зи ҷумла офариниш моем» Азим Аминов ва Олим Салимзода мушарраф гаштанд. Асар дар асоси рубоиёти фалсафӣ ва ҳикматомӯзи суханвари мумтози тоҷик Умари Хайём офарида шуда, ғановати бемисли адабиёти гузаштаи миллати моро барои ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.Ҳамчунин дар озмуни мазкур шоир, нависанда ва драматурги тоҷик Садрӣ Умар бо сенарияи филми ҳунарии «Чамбули мастон» ғолиб дониста шуд. Мавриди зикр аст, ки Садрӣ Умар дар солҳои 2011 ва 2012 низ бо сенарияҳои спектакли «Гӯрзод» ва филми ҳунарии «Тифле дар чанголи уқоб» дар озмун иштирок намуда, ҷойи худро дар сафи ғолибон ишғол намуд. Озмуни байналмилалии «Санъати афсонагӯӣ» соли 2014 низ идома ёфта, баргузории навбати ниҳоии он дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






