Ҷамъомади намояндагони ВАО дар Туркия
Анқара, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Чанде пеш дар шаҳри Эскишеҳири Туркия ҷамъомади намояндагони васоити ахбори оммаи 26 кишвари ҷаҳон анҷом ёфт. Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Тоҷикистон журналистони АМИТ «Ховар», Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», Муассисаи давлатии телевизиони «Баҳористон», ҳамчунин намояндагони Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ширкат доштанд. Мазмуни асосии суханронии нотиқони ҷамъомад иборат аз ҳамкорӣ ва муттаҳидии журналистони ҳамаи давлатҳои туркзабон буд. Иштирокдорони ҷамъомад перомуни фаъолияти созмонҳояшон сухан ронда, аз ҷумла, намояндаи АМИТ «Ховар» дар Туркия дар бораи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон нақл карданд.Аз рӯи натиҷаи ҷамъомад эъломия қабул шуд, ки он ташкили сомонаи умумӣ ва шӯрои васоити ахбори оммаи кишварҳои туркзабонро пешбинӣ менамояд. Ба шӯрои мазкур 150 нафар намояндагони матбуот дохил мешаванд. Тарҷумон – Шарифов М.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






