«Ҷанбаҳои муосири назорат ва пешгирии бемории ишемиявии дил»-конфронс
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Имрӯз, 13 декабр бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил ва дастгирии «Spaymedical» ва «Frend-Pharma» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои муосири назорат ва пешгирии бемории ишемиявии дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кори худ оғоз кард. Конфронсро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Соҳиб Раҳмонов ифтитоҳ бахшид. Дар назар аст, ки дар кори конфронс бо маърӯзаҳои илмӣ сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зикриё Раҳимов дар мавзӯи «Ҷанбаҳои муосири назорат ва пешгирии бемории ишемиявии дил дар ҶТ. Масъалаҳои бартарафкунии истеъмоли тамоку», номзади илмҳои тиб Ҳалима Рофиева дар мавзӯи «Дастовардҳои нав оид ба ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил» ва дигарон баромад хоҳанд кард. Тавре ки сардори шуъбаи илмии методии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Носиров Саидшо зикр кард, дар асри XXI шумораи шахсони аз бемории дил азият мекашида зиёд гашта, ҳолатҳои фавт низ бештар гаштаанд. Бинобар ин соли 2007 Ҳукумати ҶТ барномаи «Миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории дил»-ро қабул намуда, мақсад аз баргузории чунин конфронсҳо ин коҳиш, пешгирӣ ва паст намудани бемории дил мебошад. Дар конфронс, аз ҷумла, дар мавзуъҳои «Барномаи миллӣ оид ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории ишемиявии дил дар ҶТ, дар солҳои 2007-2015», «Кавигардонии солимӣ ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ дар ҶТ», «Рафтори ғизоии беморони мубталои фишорбаландӣ дар солхӯрдагӣ ва пиронсолӣ» маърӯзаҳо мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






