Ҷашнвораи дӯстии донишҷӯён

Декабрь 6, 2013 11:17

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Сафири Русия дар Тоҷикистон И.С. Лякин — Фролов дар Ҷашнвораи дӯстии донишҷӯён таҳти шиори «Муколамаи халқҳо, муколамаи фарҳанг», ки дар Маркази илму фарҳанги Русия баргузор гардид, иштирок намуд. Ин чорабинӣ бо ибтикори Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ба Намояндагии ҳамкории Русия дар ҶТ роҳандозӣ шуд. Дар ин бора аз Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Назар ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ раиси раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ С.Х.Хайруллоев, ректорони донишкадаҳои олии Тоҷикистон, намояндагони бархе сафоратҳо ва васоити ахбори омма, ҳамчунин донишҷӯёни хориҷии донишкадаҳои олии маҳаллӣ, аз ҷумла, донишҷӯёни Афғонистон, Эрон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Ҳиндустон ширкат доштанд. Сафир И.С. Лякин – Фролов зимни суханрониаш, аз ҷумла, мақоми муҳими ҷунбиши ҷавонон ба ҳайси «Дипломати мардумӣ» дар амри таҳкими сулҳу суботи ҷаҳон, ҳамчунин саҳми назарраси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати дӯстию ҳамфикрии байни донишҷӯёни хориҷиро қайд намуд. Дар ҳошияи ҷашнвора консерти идонаи дастаҳои ҳунарии донишкадаҳои олӣ баргузор гардид.

Декабрь 6, 2013 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад