Ҷоизасупории «Бренди Сол-2013»
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар») — Пагоҳ, 12 декабри соли 2013 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» маросими супоридани ҷоизаи «Бренди сол 2013» аз натиҷаи озмуни ҷумҳуриявии «Қуллаи шараф» баргузор мегардад. Дар чорабинӣ доираи васеи бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони ширкатҳо ва ташкилотҳо иштирок мекунанд.Ҳадафи асосии озмун ҳавасмандгардонии ширкатҳо оид ба истифода ва пешбурди бренди худ мебошад. Иштирок ва ғолибият дар ин озмун обрўи ширкатро беҳтар намуда, ба ҷоизадорон имконияти ба даст овардани маъруфиятро миёни истеъмолкунандагон ва рақибон дар ҷумҳурӣ ва берун аз он медиҳад. Дар чорабинии мазкур ҳунармандони эстрадаи тоҷик ширкат меварзанд.Зикр бояд намуд, ки тахминан 50 ширкат дар ин озмун иштирок варзидаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






