Ҷопон бахши таҳсилотро дастгирӣ кард
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- 26 декабр раиси шаҳри Турсунзода Бобоалӣ Табаров ва Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хироюки Имахаши дар маросими татбиқи муваффақонаи Лоиҳаи бо таҷҳизоти мактабӣ таъмин намудани 6 мактаби таҳсилоти миёнаи шаҳри Турсунзода иштирок намуданд.Лоиҳаро Ҳукумати Ҷопон дар ҳошияи лоиҳаҳои ёрии маҷҷонии амнияти башардӯстона барои табақаҳои васеи аҳолӣ ба маблағи умумии 108 ҳазору 910 доллари ИМА дар амал татбиқ намуд.Тавре ки аз Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, ба манзури фароҳам овардани муҳити беҳтари таҳсили мактабиён дар ҳошияи лоиҳаи мазкур 900 адад мизу курсӣ, 60 тахтаи дарсӣ ва 60 ҷевони китобҳо дар байни 6 мактаби таҳсилоти миёна тақсим гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






