32 ҳодисаи сӯхтор дар як ҳафта
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 32 ҳодисаи сўхтор бо хисороти молӣ ба маблағи 409601 сомонӣ ба қайд гирифта шуд. Масоҳати умумии сўхторҳо 807.5 метри мураббаъ буда, маблағи аз сўхтор эмин дошта ба 2 млн. 058 ҳазору 845 сомонӣ баробар мебошад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш оташбозии кўдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Тавре ки аз Хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар доданд, аз ин ҳисоб ба вилояти Суғд 12 ҳодиса, ба Хатлон 9 ҳодиса рост меояд. Инчунин боқимонда ҳодисаҳои сӯхтор дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба қайд гирифта шудаанд. Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхторро риоя намуда, кўдаконро низ беназорат намонанд. Ҳангоми ба амал омадани сўхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба хадамоти оташнишонӣ бо телефони =01= занг зананд. Муштариёни ширкатҳои: Вавилон — мобайл бо рақамҳои 101, Tcell (Индиго — Тоҷикистон) — 101, Билайн — 101, ТК — мобайл — 01, Мегафон — Тоҷикистон (МЛТ) — 101 бо хадамот дар тамос шуда метавонанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






