Адибон- тарғибгарони маърифат
Турсунзода,12 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар асрҳои пешин доираҳои адабии Ҳисор шуҳрату эътибори хосса доштанд. Шоирони номдор Парии Ҳисорӣ, Ҳасрати Ҳисорӣ, Карим-девона ва дигарон бо шеърҳои ноби хеш вирди забони пиру барно буданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Қаратоғ ҳам маҳфили адабӣ амал мекард. Шеърҳои Хиҷилии Қаратогӣ, Мафтуни Қаратогӣ ва ашъори Муллоашӯрро мардум медонанд. Баъдтар шуҳрати ин деҳаро фарзанди фарзонаи тоҷик устод Мирзо Турсунзода, адибон Ҳамид Обидӣ, Мустафо Шарқӣ, Муллоҷон Саъдуллоев ва дигарон машҳури олам карданд. Хушбахтона, маҳфили адабии Ҳисор имрӯз ҳам бо номи «Истеъдод» амал менамояд. Ин маҳфил дар тарбияи адибони ҷавон, нашри китобҳо саҳми арзанда дорад. Нуҳ нафар аъзои ин маҳфил аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






