Афзоиши ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ идома дорад

Декабрь 21, 2013 09:20

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Мувофиқи маълумоти расмӣ бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар интиҳои моҳи ноябри соли равон тамоюли зиёдшавиро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,8 фоиз афзуд.  Тавре ки хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 35,7 фоиз (ё 1’955,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,3 фоиз (ё 3’529,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 8,9 фоиз ва 25,1 фоиз зиёд шудаанд. Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ бо пули миллӣ 15,83 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,62 фоизи солонаро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,10 фоиз баланд ва 1,3 фоиз паст мебошанд.

Декабрь 21, 2013 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш