Афзоиши масолеҳи сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 26 декабр (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Корхонаҳои соҳаи маводи сохтмон дар 11 моҳи соли равон ба маблағи 414,6 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, дар ин давра 306,2 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки назар ба соли гузашта 85,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.Гуфта мешавад, ки дар як сол 80,8 ҳазор тонна қуми квартсӣ ба маблағи 2 миллион доллари ИМА ва 204 тонна масолеҳи рангубор ба маблағи 138,9 ҳазор доллари ИМА ба хориҷи кишвар содир шудааст. Ба иттилои манбаъ, корҳо дар самти таҷдиди хумдони № 4-и ҶСК «Сементи Тоҷик» ва ба истифодаи ангишт гузаронидани он идома доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






