Амалиёти навбатии БДА Хатлон
Қӯрғонтеппа, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон аз 20 то 30 декабр амалиёти «Пиёдагард» — ро роҳандозӣ менамояд. Назар ба хабари нозири калони гуруҳи ташвиқу тарғиби Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов, дар ҷараёни амалиёт корҳои тавзеҳотӣ байни аҳолӣ анҷом дода, дар донишкадаю коллективҳои меҳнатӣ вохӯриҳо ташкил карда мешаванд. Мувофиқи суханони номбурда. мақсад аз чунин чорабиниҳо коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардҳо мебошад.Мувофиқи маълумоти Бозрасии давлатии автомобили вилояти Хатлон, аз оғози сол дар роҳҳои вилоят бо иштироки пиёдагардҳо 115 садамаи нақлиётӣ рух дода, бар асари онҳо 32 нафар ҳалок гардида ва 99 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






