Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Декабрь 28, 2013 09:05

Душанбе, 28 декабр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи металҳои кимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Дар бораи туризм», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», кодексҳои ҷиноятӣ, гумрук ва андоз аз ҷумлаи онҳо мебошанд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» дар таҷрибаи қонунгузории кишвар нав буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва вазифаҳои таълиму тарбияи томактабӣ, забони таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ, намудҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ, ташкили фаъолият ва таъмини методии раванди таълиму тарбияи томактабӣ, ҳуқук ва ӯҳдадориҳои падару модари тарбиягирандагон, масъулияти кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ, хизматрасонии тиббӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ ва самтҳои дигари фаъолияти онро муайян ва танзим менамояд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил» низ дар таҷрибаи қонунгузории кишвар нав буда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҳифзи ҳуқуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ, ҷамъият ва давлат аз ҷинояткории муташаккилона ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона муайян мекунад.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» принсипҳои ахлоқии фаъолияти ходимони илмиро муайян намуда, ба таъмини беғаразии фаъолияти корманди илмӣ, ошкоро будани таҳлили танқидии таҳқиқот, меъёрҳои асосии ахлоқии танзимкунандаи фаъолияти илмӣ, масъулияти иҷтимоии корманди илмӣ, аз ҷумла масъулияти онҳоро дар самти тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ба танзим медарорад.Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул, инчунин пурзӯр намудани муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона карда шудааст.Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилоту идораҳо, ҳифзи сиҳатии омма, истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ, рушди илму техника, туризм, инчунин пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешаванд.

Декабрь 28, 2013 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд