«Ба ёди Иқбол»-ҳамоиш
Душанбе, 2 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ба ёди Иқбол» — таҳти чунин унвон ба муносибати бузургдошти Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, шоир ва мутафаккири машҳури олами ислом дар Муассисаи фарҳангии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ /ЭКО/ дар Теҳрон ҳамоиш доир гардид, ки дар он намояндагони аҳли илму фарҳанги кишварҳои аъзои ЭКО ширкат доштанд. Дар ҳамоиш доктор Ғуломалии Ҳаддоди Одил -раиси Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, Нурмуҳаммади Ҷодмонӣ — Сафири Покистон дар Эрон, Ифтихор Ҳусейн Ориф- раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, иқболпажуҳон Бақоии Мокон, Қосими Софӣ, Акбари Ҷабборӣ, Мустафо Давлатёр, Ризо Мустафавӣ, Муҳаммади Каюмарсӣ, Сарвари Мавлоӣ (Афғонистон) ва Шоҳмансури Шоҳмирзо (Тоҷикистон) доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти мутафаккири бузурги Шарқ — Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ибрози назар намуданд. Ифтихор Ҳусейн Ориф бо ишора ба андешаҳои Иқбол изҳор дошт, ки Иқбол тамомии андешаҳо ва арзишҳои шарқии даврони муосир ва ҳатто пеш аз онро гирди ҳам овард, то осореро биёфаринад, ки ягонаи даврони худ бошад. Ҳамзамон Нурмуҳаммади Ҷодмонӣ — Сафири Покистон дар Эрон гуфт, ки минтақаи ЭКО яке аз ғанитарин минтақаҳои ҷаҳон аз назари таърих ва мероси фарҳангӣ маҳсуб меёбад ва мо муштаракоти зиёде дар ҳавзаи ҳунар ва фарҳанг дорем. Дипломати покистонӣ дар ҳамоиш Иқболро шоире бо шуҳрати ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд. Дар яке аз бахшҳои ҳамоиш, ки марбут ба нақду баррасии осор ва андешаҳои Иқбол буд, коршиноси фарҳангии Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Иқбол дар Тоҷикистон ва хидматҳои устоди равоншод Мирсаид Миршакар ва Абдуллоҷон Ғаффоров дар амри муаррифии осор ва андешаҳои Иқбол» сухан гуфт. Дар фарҷоми ҳамоиш китоби иқболпажуҳи эронӣ Қосими Софӣ “Чунин гуфт Иқбол” муаррифӣ гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






