Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Ангела Меркел
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери Федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия Ангела Меркел барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:“Хонуми Олиҷоҳ,Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати бори дигар ба мақоми Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия тасдиқ гардиданатон самимона табрик ва таҳният мегӯям.Мутмаинам, ки дар марҳилаи нави фаъолияти Ҳукумати Германия таҳти сарварии Шумо, муносибатҳои дуҷонибаи судманди ду кишвари дӯст рушду тавсеа меёбанд ва таҳкими ин равобит дар арсаҳои гуногун минбаъд низ дар маркази саъю кӯшиши муштараки мо қарор хоҳад гирифт.Бо истифода аз ин фурсат Шуморо, Хонуми Олиҷоҳ, бо фаро расидани Соли Нави 2014 табрик намуда, ба Шумо, дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои навин, сиҳҳатии комил ва хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Германия – пешрафту шукуфоӣ орзу менамоям”.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






