Барфи аввал самти парвозҳоро дигар кард
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Тағйир ёфтани вазъи ҳаво, аз ҷумла баланд шудани суръати шамол, фаромадани туман ва боридани барф субҳи имрўз самти парвози баъзе хатсайрҳоро дигар кард. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии «Фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе» Маҳмадюсуф Шодиев хабар дод, мувофиқи муқаррароти қавоиди авиатсионӣ ҳар як ҳавопаймое, ки ба фурудгоҳи таъйин парвоз менамояд, барои худ чанд фурудгоҳи захиравии дигар низ дорад. Субҳи имрўз ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо рейси 4852, ки дар хатсайри Санкт-Петербург-Душанбе парвоз мекард, бинобар номувофиқ будани вазъи ҳавои фурудгоҳи Душанбе дар фурудгоҳи Кӯлоб нишаст. Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии», ки дар хатсайри Екатеринбург-Душанбе парвоз мекард, сараввал дар фурудгоҳи Хуҷанд нишаст ва бо мусоид шудани вазъи ҳаво ба Душанбе парвоз кард. Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки бо рейси 252 дар хатсайри Маскав -Хуҷанд парвоз мекард, бинобар фаромадани туман дар фурудгоҳи Хуҷанд дар фурудгоҳи Душанбе нишаст ва алъон ҳавои Хуҷанд кушода гашт ва дар соатҳои наздик ин ҳавопаймо аз Душанбе ба Хуҷанд парвоз хоҳад кард. «Ба боридани барф нигоҳ накарда, фурудгоҳи Душанбе бо тартиби муқаррарӣ фаъолият менамояд, қабул ва гусели ҳавопаймоҳо аз рўи ҷадвал идома дорад», гуфт дар хотима М. Шодиев.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






