Барномаи нави сирки давлатӣ
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Сирки давлатии Тоҷикистон ҳар сол бо барномаҳои нави ҷолиби худ тамошобинонро шод мегардонад. Мувофиқи суханони директори Сирки давлатии Тоҷикистон Ҷамолиддин Муҷиддинов, имсол барномаи сирк иборат аз ду бахш буда, дар он ҳам ҳунарпешагони ҷавон ва ҳам санъаткорони таҷрибадор иштирок менамоянд. Ба гуфтаи Ҷамолиддин Муҷиддинов, намоиши барномаи нави сирк аз 25 декабр оғоз ёфта, то охири моҳи январ идома меёбад. Тамошобинони аввалини он тарбиягирандагони хонаҳои кӯдакон ва интернатҳои пойтахт, ҳамчунин ноҳияҳои наздики шаҳри Душанбе мегарданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






