Барномаи рушди харгӯшпарварӣ
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Соли 2006 саршумори харгӯшҳо дар Тоҷикистон 35 ҳазору 700 ададро ташкил дода буд. Алҳол шумораи онҳо ба 57 ҳазору 624 адад расидааст. Дар ҷумҳурӣ Барномаи давлатии рушди харгӯшпарварӣ барои солҳои 2014 – 2018 ба тараққиёти ин соҳаи кишвар мусоидат мекунад.Мувофиқи суханони сардори шӯъбаи паррандапарварӣ, моҳидорӣ ва занбӯри асалпарварии Вазорати кишоварзии ҶТ Моҳира Раҳимҷонова, ҳуҷҷати мазкур барои баррасӣ ва ворид намудани мулоҳизаю ислоҳот ба Вазорати молия, Вазорати адлия, Вазорати иқтисод, ҳамчунин Кумитаи сармоягузорӣ ва сипас ба Ҳукумати кишвар ирсол шуда буд. Ҳоло ҳуҷҷати мазкурро мутахассисони Вазорати кишоварзӣ такмил медиҳанд.Алҳол муассисаи «Домулло» — и ноҳияи Рӯдакӣ калонтарин хоҷагии харгӯшпарварии ҷумҳурӣ ба шумор меравад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






