Баррасии ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Лаҳистон
Анқара, 14 декабр (АМИТ “Ховар”, Муқим Малаев). -13 декабр дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо хоҳиши Мечислав Сенюх, Сафири Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Туркия мулоқот оид ба баррасии ҳамкориҳои имконпазири байни ду кишвари дӯст баргузор гардид. Ҷонибҳо оид ба вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии кишварҳои худ табодули назар карданд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов таҳкими ҳамкориҳои байни кишварҳо, аз ҷумла мусоидати ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид намуда, хостори рушди муносибатҳои гуногунсоҳаи Ҷумҳуриҳои Лаҳистон ва Тоҷикистон шуд. Дар навбати худ Мечислав Сенюх иброз намуд, ки барои мусоидат ба рушди ҳамкориҳо кӯмаки ҳамаҷонибаи худро дареғ нахоҳад дошт. Ба назар мерасад, ки пайвандҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро метавон тавассути гуфтугӯҳои мустақим ва судманд беҳбуд бахшид ва барои ноил шудан ба манфиатҳои мутақобила замина гузошт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






