Баррасии буҷети давлатӣ дар ҳузури Сарвазир
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 13 декабри соли ҷорӣ ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи буҷетӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ва лоиҳаи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, таклифу пешниҳодоти аъзои комиссия доир ба лоиҳаҳои мазкур шунида шуданд. Тавре ки таъкид гардид, таъмини самарабахши татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» аз роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, идора ва корхонаю муассисаҳои мамлакат масъулияти баландро тақозо менамояд. Сарвазири мамлакат оид ба дарёфти манбаъҳои иловагии таъмини буҷети давлатӣ, ҷалби захираҳо ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ ба аъзои комиссияи доимамалкунандаи буҷетӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






