Баррасии масоили Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Николай Бордюжа

Декабрь 26, 2013 11:48

Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа масоили ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистон ва созмони мазкур мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Николай Бордюжа пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти худ гуфт: «Ҳанӯз дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои созмон, ки имсол дар шаҳри Сочи баргузор гардид, роҳбарони кишварҳои аъзо ба тавофуқ расиданд, ки дар пасманзари хуруҷи неруҳои посдори сулҳ аз Афғонистон ҷиҳати таҳкими вазъи амниятии сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон кӯмак ва мусоидат намоянд».«Аз ин лиҳоз, тезонидани раванди расонидани кӯмакҳои моддиву техникии кишварҳои аъзо ба нерӯҳои марзбон ва дигар ниҳодҳои марбута аз мавзуоти муҳими мулоқоти мо буд»,- иброз дошт Н. Бордюжа. Гуфта шуд, ҳамчунин дар ин дидор Э. Раҳмон ва Н. Бордюжа вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистонро пас аз хуруҷи нерӯҳои низомии СААШ аз ин кишвар баҳсу баррасӣ намудаанд.

Декабрь 26, 2013 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд