Баррасии вазъи маводи мухаддир
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 19 декабр директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров намояндаи расмии Дафтари федералии пулиси ҷиноятсанҷи Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон Михаел Пабстро ба ҳузур пазируфт.Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, Рустам Назаров дар бораи вазъи маводи мухаддир дар минтақа ва Тоҷикистон, тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бахши назорати маводи мухаддир, фаъолияти Агентӣ ва мақомоти дигари ҳифзи хуқуқи ҶТ дар мубориза бо қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар нақл кард.Дар ҷараёни сӯҳбат масоили марбут ба назорати моддаҳои фалаҷкунандаи асаб, пешгӯии вазъи маводи мухаддир дар минтақа баъди соли 2014 аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хориҷ шудани қӯшунҳои НАТО, ҳамчунин масъалаҳои таълими кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ аз ҷониби Дафтари федералии пулиси ҷиноятсанҷи Ҷумҳурии Федеративии Олмон муҳокима шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






