Беш аз сад ҷавон соҳиби гувоҳнома гардид
Душанбе, 12 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 100 нафар ҷавон курсҳои омӯзиши дӯзандагӣ ва барномаҳои компютериро дар маркази муштараки омӯзишӣ, ки дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт воқеанд, хатм намуда, соҳиби гувоҳнома гардиданд. Аз ин теъдод 60 нафар ҷавондухтарон курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ ва 50 нафари дигар курсҳои омӯзиши барномаҳои компютериро аз худ намуданд. Дар маросими хатми давраи омӯзишӣ Саидмаҳдӣ Ибодӣ- раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон, Асомиддин Насриддинов, раиси Агентии шуғли аҳолии ноҳияи Шоҳмансур ва дигар масъулини ниҳодҳои марбута касбомӯзонро табрик намуда, ба онҳо гувоҳнома ва кӯмакҳои молӣ супориданд. Зикр шуд, ки омӯхтани касбу ҳунар барои ҳар як ҷавон асоси пешравию муваффақият, беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодист. Таъкид гардид, ки шахси боҳунар ҳамеша дар ҷомеа соҳиби иззату икром ва мақоми баланд буда, дар пешравию рушди ҷомеа нақши муҳим мегузорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






