Безараргардонии қочоқчиён дар марз
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони Кумитаи давлатии амниятии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон»-и ноҳияи Ҳамадонӣ амалиёт гузаронида, бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир шаҳрванд Сафармадов Давлат Баротович, соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи деҳаи Сайроби ҷамоати Панҷоби ноҳияи Ҳамадониро боздошт намуданд. Зимни азназаргузаронӣ аз номбурда 1 килограмм героин дарёфт ва мусодира шуд.
Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Сафармадов Давлат соли 2003 бо дастрасии моддаҳои 200 қисми 4, 363, 335 ва 195 қисми 1-и КҶ ҶТ ба муҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум гардида, дар соли 2011 бо қабули Қонуни афви умумӣ ба озодӣ баромада буд. Маълум мешавад, ки 8 соли маҳбас барои Сафармадов Давлат дарси ибрат нашуда, ӯ такроран боз ба ин ҷинояти вазнин даст задааст.
Аз рӯйи нишондоди Сафармадов Давлат муайян карда шуд, ки шарикони ҷиноятии ӯ аз Афғонистон мехостанд иловатан боз маводи мухаддирро дар ҳаҷми махсусан калон, ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Рӯзи 8-уми декабр зимни баргузории амалиёт оид ба боздошт намудани қочоқчиён, онҳо ба амри сарҳадбонон дар хусуси истодан итоат накарданд. Марзбонон тибқи Ойинномаи амалкунандаи Қӯшунҳои сарҳадӣ оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ амал намуда, 3 нафар қочоқчиро безарар гардониданд. Дар ҷойи ходиса 1 адад автомати Калашников, 1 камони шикорӣ, 2 тирдони автомат, 10 килограмм афюн дарёфт ва мусодира гардиданд.
Дар ҷараёни амалиёти дигар, ки дар ҳудуди ш. Истаравшан баргузор шуд, кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир шаҳрванд Саидов Ҳоким Муродович, сокини ш. Кӯлобро дастгир намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии автомошинаи шахсии номбурда, аз дохили зарфи сузишворӣ 7 баста ва аз болои қисми рости чароғи пеши воситаи нақлиёт 2 бастаи хурд, бо вазни умумии 7 килограмм афюн ёфта гирифта шуд.
Аз рӯйи нишондоди боздоштшуда Саидов Ҳоким муайян гардид, ки ӯ ин миқдор маводи нашъаоварро дар асоси маслиҳати пешакӣ аз Набиаллоҳ валади Ҳаким ном шаҳрванди ҶИА харидорӣ карда, як муддат дар ҳудуди ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон нигоҳ доштааст. Тақрибан, нимаи дуюми моҳи ноябри соли равон дастгиршуда Саидов Ҳоким бо шаҳрванд ҳоҷӣ Ашрапов Саидиқбол Муродҷонович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Мастчоҳ, дар бораи харидуфурӯши маводи мухаддир маслиҳат анҷом медиҳанд, аммо ба ҳадафҳои ҷиноии худ нарасида, аз тарафи кормандони мақомоти амнияти миллӣ боздошт гардиданд.
Алҳол нисбат ба Саидов Ҳоким ва Ашрапов Саидиқбол бо дастрасии моддаи 200 қисми 3 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, тафтишоти пешакӣ давом дорад.
Инчунин, аъзоёни гуруҳи фаврӣ-тафтишотии Раёсат зимни азназаргузаронии корҳои сохтмонӣ дар яке аз иншоотҳои шаҳри Чкалови вилояти Суғд, аз дохили зарфи пласмасӣ 9 адад бастаҳои селофаниро бо 8 килограмму 733 грамм воситаи нашъадори гашиш дарёфт ва мусодира намуданд. Айни замон тафтиши қазияи мазкур рафта истодааст.








ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид






