Бонки «Эсхата» бонки сермизоҷтарин
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Бино ба хабари маҷаллаи «Банкир» Бонки «Эсхата» дар озмуни дуюми байналмилалии «Бонки сол» — и кишварҳои ИДМ, Балтия ва Гурҷистон сазовори дипломи «Бонки сермизоҷтарин» гардид. Тавре ки аз Бонки «Эсхата» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин чорабинӣ воқеаи саривақтию муҳими бахши бонкҳо гардид, зеро маҳз тайи як чанд соли охир ҳаҷми ҳамкории бонкҳои ИДМ, Балтия ва Гурҷистон хеле афзуда, ҳамкории инвеститсионии низомҳои молиявии ин кишварҳо рушд ёфт. Дар маросими мукофотонӣ намояндагони бонкҳои асосии Тоҷикистон, Украина, Русия, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон ширкат доштанд. Бонки «Эсхата» — ро сардори раёсати молиявӣ, узви раёсати бонк Исроилов Толибҷон Фозилҷонович намояндагӣ намуд. Мувофиқи 20 номгӯй аз ҷониби ҳайати маҷаллаи «Банкир» диплому мукофотҳои махсус супурда шуданд. То имрӯз Бонки «Эсхата» аз мушорикони хориҷӣ мукофотҳои зиёде гирифтааст, ки ин аз фаъолияти муваффақонаю судманди бонк ва дар арсаи ҷаҳон эътироф шудани он далолат мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






