Боз як намояндагии Бонки «Эсхата» дар Қумсангир
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ).- 11 декабр Бонки «Эсхата» дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон намояндагии нави худро ифтитоҳ намуд.Тавре ки аз Бонки «Эсхата» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бунгоҳи якуми интиқоли маблағҳо дар ин ноҳия 26 декабри соли 2006 кушода шуда буд. Бо назардошти талаботи аҳолӣ соли 2010 дар ин ҷо маркази хидматрасонии бонкӣ ифтитоҳ шуда буд, ки дар баробари хидматрасонӣ барои интиқоли маблағ ба соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони воқеӣ маблағ қарз медиҳад. То имрӯз беш аз 2 ҳазор нафар мизоҷон аз қарзҳои бонки мазкур бархӯрдор шуда, ба рушди иқтисодиёти ноҳия ҳисса гузоштаанд. То 1 декабр маблағи қарзҳои ба соҳибкорону шахсони воқеии ноҳия додаи бонки мазкур беш аз 1 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






