Боздид аз АНМН
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 17 декабр ҳайати Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии Сардори Раёсати зидди терроризми вазорати мазкур Ан Вейсинг аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ боздид намуд.Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, директори агентӣ Рустам Назаров аз фаъолияти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар, ҳамкорӣ бо муассисаҳои мубориза бо маводи нашъаовари кишварҳои дигар, аз ҷумла бо Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин нақл кард.Зимни мулоқот ба татбиқи муваффақонаи амалиёти муштараки байни Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ ва Вазорати амнияти ҷамъиятии ҶМЧ аз рӯи усули «интиқоли назоратшаванда», ки дар натиҷаи он яке аз роҳҳои байналмилалии интиқоли героин аз Афғонистон баста шуд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид. Рустам Назаров зикр намуд, ки Тоҷикистон барои ҷилавгирии интиқоли маводи нашъаовар ба қаламраваш чораҳои ҷиддӣ мебинад. Ан Вейсинг дар навбати худ зикр намуд, ки Ҳукумати ҶМЧ ба масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа ва хусусан дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Мавсуф ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ барои фаъолияти судмандашон дар ин бахш изҳори миннатдорӣ кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






