Боздиди Қоҳир Расулзода аз корхонаи сементи пойтахт
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо фаъолияти корхонаи сементи шаҳри Душанбе шинос шуд.Аснои боздид иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон корхонаи мазкур тавассути ангиштсанг бо иқтидори истеҳсолии 500 тонна семент дар як шабонарӯз фаъолият карда, корҳо барои ба истифода додани навбати дуюми корхонаи мазкур аз тариқи фаъолият бо ангиштсанг бо вусъат идома доранд.Ҳоло таҷҳизоти зарурии корхонаи семент барои навбати дуюм пурра дастрас гардида, тибқи нақша навбати дуюм даҳаи дуюми моҳи январи соли 2014-ум ба кор дароварда мешавад.Дар сурати ба кор андохтани навбати дуюми корхона аз тариқи фаъолият бо ангиштсанг иқтидори он ба беш аз сесад ҳазор тонна дар давоми сол расонида хоҳад шуд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои таъмин ва захираи ангиштсанг, дар муҳлати пешбинишуда ба кор андохтани навбати дуюми корхона, ҷалби мутахассиони ботаҷриба, афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва беҳтар гардонидани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ба роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва роҳбарияти корхона дастуру супоришҳои дахлдор дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






