Боздиди Шариф Саид аз «Шаҳри нави Гуанҷоу»
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Раиси Палатаи савдо ва саноат Шариф Саид дар ҳошияи сафараш ба ноҳияи мухтори Синҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин 18 декабр аз «Шаҳри нави Гуанҷоу» — минтақаи махсуси иқтисодии вилояти Қошғар боздид намуд. Тавре ки аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид рӯзи аввали ташрифоташ ба «Шаҳри нав», шартҳои ба даст овардани маркази тиҷоратӣ шинос шуда, аз нуқтаҳои савдо ва биноҳои истиқоматие, ки ба намояндагони хориҷӣ пешниҳод мешаванд, дидан намуд. Бисёр давлатҳо дар «Шаҳри нав» марказҳои савдои худро дошта ва тиҷоратро муваффақона рушд медиҳанд. Шариф Саид бо роҳбарияти «Шаҳри нав» мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот имкониятҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла ифтитоҳи маркази савдои Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Дар ҷараёни сафари Шариф Саид як қатор вохӯриҳо бо роҳбарияти вилояти Қошғари ноҳияи мухтори Синҷону Уйғурии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






