Боздошти 24000 дона маводи тарфгарӣ аз Очилзода Илҳом
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Сабоҳат Қадамова)-Кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанд 24000 дона маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дарёфт ва мусодира карданд.Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, дирӯз, 10-уми декабри соли равон, кормандони милитсия зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд мошини тамғаи «Опел-Астра», рақами давлатиаш ТJ 66-56 АН 02, ки таҳти идораи шаҳрванд Очилзода Илҳоми 18-сола сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дошт, боздошт карданд. Ҳангоми азназаргузаронии мошини мазкур аз дохили бағоҷ 24000 дона маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дарёфт ва мусодира шуд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






