Боздошти Парвина бо ҳашиш

Декабрь 10, 2013 09:47

Хоруғ, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Кормандони раёсати Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ дар ВМКБ зимни баргузории як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар деҳаи Нишуспи ноҳияи Шуғнон сокини шаҳри Душанбе Парвина Шариповаро, ки дар бозори шахри Хоруғ ба фурӯши меваю сабзавот машғул буд, бо гумони даст доштан дар кочоқи маводи мухаддир боздошт намуданд. Зимни азназаргузаронии мошини тамғаи «Мусо», рақами давлатиаш 04-69 РТ аз дохили мошини мазкур ва аз халтаи селофании рангаш сафед, ки ба дастгиршуда Шарипова П.Р тааллуқ дошт, 1 килограмму 716 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки ин маводи мухаддирро ба Парвина Шарипова дар деҳаи Хасхоруғи ҷамоати Андароби ноҳияи Ишкошим як шахрванди кишвари Афғонистон аз болои дарёи Панҷ ҳаво додааст. Оид ба қазияи мазкур тафтишот идома дорад.

Декабрь 10, 2013 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш