Бозгашти ҳайати Тоҷикистон аз Киев

Декабрь 10, 2013 13:37

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ҳайати Тоҷикистон, ки дар намоишгоҳи махсуси байналмилалии «Fresh Produce Ukraine» (Фреш Продюс Юкрейн) иштирок дошт, аз шаҳри Киеви Украина баргашт. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳошияи намоишгоҳ конфронси махсус таҳти унвони «Сабзавоту меваи Украина» баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба иштирокдорони конфронс имкон дод, ки аз вазъи бозори меваю сабзавот ва дурнамои рушди бозор тасавуроти пурра пайдо намуда, навигариҳои технологияҳои парвариши сабзавот, коркард, бастабандӣ, ҳифз ва маркетинги бахши меваю саюзавотро арзёбӣ намоянд. Дар ҳошияи намоишгоҳ мулоқоти директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Мақсуд Зиёбоев ва ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Киев А.Шорбулак баргузор гардид.Зимни мулоқот масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, шиносоӣ бо вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, иштироки корхонаю ширкатҳо ва аъзои Палатаи савдо ва саноати шаҳри Киев дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон, ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд доир намудани намоишгоҳи маҳсулоти Украина мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Декабрь 10, 2013 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд