Буклетҳо дар бораи навигариҳои қонуни муҳоҷират
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Федератсияи Русия бо дастгирии Бюрои созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Маскав барои муҳоҷирони меҳнатие, ки барои иҷрои кор ба Русия меоянд, буклетҳо таҳия намуд. Назар ба хабари хадамоти матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷират, дар буклетҳо перомуни навигариҳои қонуни муҳоҷират, қонунӣ гардонидани фаъолияти меҳнатӣ, тартиби баҳисобгирии муҳоҷирон ва ғайра маълумоти муфассал дода мешавад. Маросими супурдани буклетҳо 10 декабр дар дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷират баргузор гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






