Бунёди корхонаи ордбарорӣ дар Манем

Декабрь 11, 2013 10:10

Шуғнон, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Дар деҳаи Манеми ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сохтмони корхонаи ордбарорӣ идома дорад. Иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз бештар аз 60 тонна ордро ташкил медиҳад. Ҳамасола деҳқонони навоҳии вилоят ҳосили дилхоҳи ғалладонаро ба даст меоранд, аммо барои ба орд табдил додани он мушкилӣ мекашанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дархости сокинони вилоят тасмим гирифт, ки дар вилоят корхонаи ордбарорӣ бунёд намояд.Пудратчӣ бо мақсади коҳиши сатҳи бекорӣ дар ҷамоати деҳоти Сучон аз ҳисоби маскунони ин макон зиёда аз 30 нафар ҷавононро ба кор ҷалб намуд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона бештар аз 20 нафар сокинони махаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Декабрь 11, 2013 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш