Бунёди роҳ ва пулҳо дар Кангурт
Темурмалик, 14 декабр. (АМИТ Ховар», Сулаймон Холов). — Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик сохтмони ду иншооти калон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ ҳанӯз аз оғози соли ҷорӣ шуруъ гардида, бо ҷалби сохтмончиёни маҳалӣ беш аз 60 фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтаанд. Бояд зикр намуд, ки ҷамоати деҳоти Кангурт калонтарин ҷамоат буда ва дар 12 деҳаи он беш аз ҳаштуним ҳазор аҳолӣ истиқомат мекунанд. Бунёду ба истифода додани чунин марказҳои хизматрасонӣ ва корхонаҳои хурди саноатӣ метавонад қисми зиёди сокинонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намояд. Мушкилоти дигари аҳолии ин ҷамоат набудани роҳ ва пулҳо ба шумор мерафт, ки дар ҳолати сарду серборон омадани зимистону баҳор аз сабаби баланд шудани сатҳи дарёчаи Тоҳир сокинони як қатор деҳаҳо моҳҳо ба маркази ҷамоат ва маркази ноҳия равуо карда наметавонистанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар ин мавзеи ноҳия сохтмони роҳ ва пулҳо идома дорад ва тавассути пулҳои нав сокинони деҳот рафтуомад доранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






