Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Муноқишаҳо дар Покистон Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Баъд аз чанд рўзи нисбатан оромиҳо дар шаҳри Карочии Покистон муноқишаҳои қабилавӣ дубора авҷ гирифтанд. Аз рўи маълумоти кормандони мақомоти амнияти миллии кишвар дар пайи даргириҳои навбатӣ 1 нафар ба ҳалокат расида, 2 каси дигар захмӣ шуд. Бояд гуфт, ки муноқишаҳо дар минтақаҳои мухталифи музофоти Синд сурат гирифтанд. Садамаи қатора дар Амрико Душанбе, 2 декабр (АМИТ «Ховар»).- Дар наздикии шаҳри Ню-Йорки Амрико қатораи мусофиркаш ба фалокат дучор омад. Мувофиқи маълумоти расида, чанд вагони қатора аз хати роҳи оҳан берун шудааст.Бар асари ҳодиса 4 нафар ба ҳалокат расида, 11 каси дигар захмҳои гуногун бардошт. Ба қавли шоҳидон қатора бо суръати ниҳоят баланд ҳаракат менамуд. Тафтишот дар ин самт оғоз ёфта, коршиносон сабабҳои дақиқи сар задани ҳодисаро муайян мекунанд.Парвози «Сичан»-и Чин ба Моҳ Душанбе, 2 декабр (АМИТ «Ховар»).- Аз маркази парвози киштиҳои кайҳонии «Сичан»-и қисми ҷанубу ғарбии музофоти Сичуани Ҷумҳурии Мардумии Чин киштии навбатӣ ба фазо парвоз кард. Ҳадаф аз ин парвоз анҷом додани корҳои пажуҳишӣ дар сайёраи Моҳ ба шумор меравад. Моҳгарди чинӣ «Юйту» номгузорӣ шудааст, ки маънои «Харгўши яшмӣ»-ро дорад. Таҷҳизоти моҳнаварди мазкур дорои 6 чарху беш аз 100 килограмм вазн мебошад. «Харгўши яшмӣ»-и моҳгард дар як соат то 200 метр роҳро метавонад тай намояд. Маълумоти НАТО дар бораи Афғонистон Душанбе, 2 декабр (АМИТ «Ховар»).-Дар қисми ҷанубии вилояти Зобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бар асари зарбаи мушаки ҳавопаймои бидуни сарнишини нерўҳои низомии Амрико 2 кас ҳалок гардида, 4 тани дигар маҷруҳ шуд. Дар ин ҳодиса ҳамчунин 16 манзили зист вайрон гардид. Ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини нерўҳои низомии Амрико бо мақсади маҳви террористон ҳамвора ба вилоятҳои Пактиё, Ҳирот, Вардак, Зобул ва Нуристон зарбаҳои мушакӣ мезананд. Бино ба иттилои роҳбарияти неруҳои НАТО мақсади асосии ҷузъу томҳои ҳарбии хориҷӣ аз байн бурдани паноҳгоҳҳои ҷангиёни ҳаракати «Толибон» мебошад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






