Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Ҳамлаи терористӣ дар Африқои Марказӣ Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Гуруҳи силоҳбадастони номаълум ба минтақаи Боалии Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ҳамла оварданд. Ба иттилои телевизиони «Ал-Ҷазира»-и давлати Қатар дар пайи ҳамла 12 нафар ба ҳалокат расида, 30 каси дигар захмҳои гуногун бардошта, ба беморхонаи марказӣ интиқол дода шуд. Бояд гуфт, ки минтақаи Боали дар қисми шимолу ғарбии пойтахти мамлакат- шаҳри Банги ҷойгир аст. Масъулияти ҳамларо то ҳол ягон гуруҳ ё шахси алоҳида ба уҳда нагирифтааст. Амалиёти зиддитеррористӣ дар Чеченистон Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Урус –Мартани Ҷумҳурии Чеченистони Русия зимни амалиёти зиддитеррористӣ 1 нафар аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба ҳалокат расида, 1 каси дигар захмӣ шуд. Гуфта мешавад, ки амалиёт дар бешазори минтақаи Шалажи сурат гирифт. Силоҳбадастон ба самти номаълум фирор карда, ғайб задаанд.Дар минтақа амалиёти фаврӣ барои дарёфт ва безарар гардонидани ҷинояткорон идома дорад. Обхезии шадид дар қисми ҷанубии Италия Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Қисми ҷанубии Италияро то ҳол обхезии шадид фаро гирифтааст. Тавре ки гуфта мешавад, офати табиӣ ба хоҷагии халқи минтақа хисороти зиёд расонд. Аз минтақаҳои таҳти таъсири ҳодиса қарордошта, ҳазорҳо нафар ба ҷойҳои нисбатан бехавф кўчонда шуданд. Бар асари ҷорӣ шудани сел 2 нафар ҷон бохт. Дар робита ба офати табиӣ дар як қатор минтақаҳо фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва бандарҳо мутаваққиф гардидааст. Истеъфои мушовири роҳбари давлати Кореяи ШимолӣДушанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Дар Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун Чан Сонг Тхэки 67- сола аз мақомаш барканор шуд. Ў яке аз мушовирони роҳбари давлат ва ноиби сохтори олии низомии мамлакат ба ҳисоб мерафт. Бояд гуфт, ки ин мақом дуввумин вазифаи баланд дар Кореяи Шимолӣ ба ҳисоб меравад. Сабаби ба истеъфо равон кардани Чан Сонг Тхэкро коршиносон ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Мувофиқи баъзе далелҳо қаблан чанд нафар аз ёрдамчиҳои Чан Сонг Тхэк бо ҷурми ришваситонӣ маҳкум шуда буданд. Таркиш дар ҲилмандДушанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Дар қисми ҷанубии вилояти Ҳилманди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амали террористӣ анҷом дода шуд. Бар асари инфиҷори мудҳиш 4 кас ба ҳалокат расида, чанд тани дигар маҷруҳ шуд.Тибқи маълумоти кормандони мақомоти полис таркиш дар яке аз роҳҳои нақлиётӣ ба амал омадааст. Садамаи 130 нақлиёт дар Белгия Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Дар Белгия садамаи калони нақлиётӣ ба вуқуъ омад. Ба иттилои расида, дар яке аз шоҳроҳҳои мошингарди қисми ғарбии мамлакат дар минтақаи сарҳадӣ бо Франсия якбора 130 нақлиёти сабукраву боркаш ба ҳам бархўрданд.Дар натиҷаи садама 1 нафар ба ҳалокат расида, 67 каси дигар захмҳои гуногун бардоштанд. Захмиёнро тавассути чархбол ба беморхона интиқол доданд. Сабаби садамаро ба номусоидии вазъи ҳаво рабт медиҳанд, зеро ҳангоми садама ҳудуди минтақаро тумани ғафс фаро печида, то 3 метр масофаро дидан ғайриимкон буд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






