Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Иттилои Созмони авфи байналмилал Душанбе, 12 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи маълумоти Созмони авфи байналмилал, Кореяи Шимолӣ азм дорад, ки вобаста ба зиёд гардидани теъдоди маҳбусон ҳабсхонаҳои нав бунёд намояд. Аз наворҳои аз тариқи моҳвора сабтгардида муайян карда шуд, ки дар Кореяи Шимолӣ бунёди беш аз 15 бинои азими маҳбасхона идома дорад. Ба ақидаи созмони «Эмнисти Интернешнл» Кореяи Шимолӣ мақсад дорад, ки дар ин биноҳо маҳбусони сиёсиро ҷой диҳад. Офати табиӣ дар МалайзияДушанбе, 12 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Дар Малайзия боришоти пай дар пайи борон обхезиро барангехт. Бар асари офати табиӣ як нафар ба ҳалокат расида, 19 ҳазор каси дигар бесарпаноҳ монд. Обхезӣ бештар ба минтақаҳои наздисоҳилии мамлакат хисорот ворид намудааст. Дар айни ҳол кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ ва ҳолатҳои фавқулодда аҳолиро ба ҷойҳои нисбатан бехавф кӯчониданд. Ҳолати фавқулодда дар Олмон Душанбе, 12 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Тундбоди шадид ба як қатор кишварҳои қисми шимолии Аврупо таҳдид мекунад. Ба таъкиди коршиносон офати табиӣ дар давоми 30 соли охир хатарноктарин ба ҳисоб меравад. Аз рўи пешгўии марказҳои обуҳавошиносӣ тундбод бештар ба хоҷагии халқи Олмон ва Белгия хисороти зиёд ворид месозад. Ҳуҷум ба маркази савдои Ироқ Душанбе, 12 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Нерўҳои амниятии Ироқ вазъиятро дар маркази савдои шаҳри Киркук, ки мавриди ҳуҷуми гуруҳи силоҳбастон қарор гирифт, таҳти назорати хеш қарор доданд. Кормандони мақомоти қудратӣ ҳангоми амалиёт 1 нафар силоҳбадастро боздошт намуданд. Бояд гуфт, ки дар пайи ин даргирӣ чанд нафар ба ҳалокат расида, одамони зиёд зарар диданд. Иттилои рўзномаи «Вашингтон Пост» Душанбе, 12 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Бино ба иттилои рўзномаи «Вашингтон Пост» кормандони Хадамоти кашшофии Амрико то ҳол дар давоми як шабонарўз суҳбатҳои телефонии беш аз 5 миллиард коргоҳ ва кормандони олирутбаро гўш мекунанд. Рўзнома дар сомонаи худ маълумоти навро оид ба гўш кардани гуфтугўҳои телефонӣ, ки собиқ корманди Хадамоти кашшофии Амрико Эдвард Сноуден интишор кард, ҷой дод. Дар ин мақола Сноуден оид ба барномаи махсуси кормандони Хадамоти кашшофии Амрико маълумоти пурра додааст. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






