Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Зарари хурўҷи вулкани «Этна» Душанбе, 18 декабр.(АМИТ «Ховар»).Вобаста ба хурўҷи вулкани «Этна» парвози ҳавопаймоҳо аз фурўдгоҳи байналмилалии Катанияи Италия мувақатан мавқуф гузошта шуд. Хабарнигорони дохили кишвар мегуянд, ки тафтаҳои сўзони вулкан то баландии ҳазорҳо метр пош хўрда, муҳити зистро халалдор сохтанд. Кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ ва ҳолатҳои фавқулодда аҳолии маҳалҳои назди вулканро ба ҷойҳои бехавф кучонданд. Мутахассисон иброз медоранд, ки «Этна» дар қитъаи Аврупо яке аз вулканҳои фаъол ба шумор меравад. Кормандони соҳаи тиб аз аҳолӣ даъват намуданд, ки ҳангоми берун омадан аз ниқобҳои махсус истифода баранд. Ҷаласа байниҳукумати Русия ва Украина Душанбе, 18 декабр.(АМИТ «Ховар»).То ҳол тазоҳуротгарон майдони «Истиқлолият»-и шаҳри Киевро тарк намекунанд. Гирдиҳамомадагон интизори натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Федератсияи Русия ва Украина, ки дар шаҳри Москва баргузор мегардад, мебошанд. Ҷонибдорони шомилшавии Украина ба Иттиҳоди Аврупо мулоқоти Федератсияи Русия ва Украинаро маҳкум намуда, намоиши эътирозиро идома медиҳанд.Мувофиқи иттилои дохили кишвар ҷонибдорони ҳампаймонӣ бо Иттиҳоди Аврупо тасмим доранд, ки баробари идомаи тазоҳурот шомил нашудани Украинаро ба Иттиҳоди гумрукӣ талаб мекунанд. Намоиши эътирозӣ дар Австрия Душанбе, 18 декабр.(АМИТ «Ховар»).Дар Австрия донишҷўён ҳангоми маросими савганёдкунии ҳукумати нав намоиши эътирозӣ доир намуданд. Ҷамъомадагон аз иқдоми ҳукуматдорон дар самти барҳам додани Вазорати илми мамлакат ва ба тобеияти Вазорати иқтисод гузаронидани он изҳори нигаронӣ мекунанд. Мухолифин ҳукуматдоронро мавриди танқид қарор дода, иброз медоранд, ки ояндаи Австрия аз рушди маориф ва маблағгузории соҳа иборат аст. Тағйироти ғайриинтизори кадрӣ ва ба мансаби вазири корҳои хориҷии Австрия пазируфта шудани Себастян Куртси 27-сола боиси нигаронии мухолифин ва донишҷўён гардидааст. Расонаҳои хабарии дохили кишвар низ иттилоъ медиҳанд, ки вазири ҷавон дорои маълумоти олӣ намебошад. Интиқоли маҳбусон аз Гуантанамо ба СаудӣДушанбе, 18 декабр.(АМИТ «Ховар»).Ҳафтаи равон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 2 маҳбуси Гуантанаморо, ки ба гурўҳи террористии «Ал- Қоида» шомиланд, ба Арабистони Саудӣ интиқол дод. Ба гуфти роҳбари нерўҳои «Пентагон» маҳбусони хавфнок, ки табааи Арабистони Саудӣ мебошанд, соли 2002-юм боздошт гардида буданд. Бо назардошти маҳдуд будани лоиҳаи қонунгузорӣ оид ба қатъ накардани фаъолияти «Гуантанамо» ҷониби Пентагон Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро айбдор мекунад. Ҷоизи қайд аст, ки дар маҳбаси «Гуантанамо» 160 нафар маҳбус қарор дорад, ки аксарияти онҳо бидуни айбнома ҳабс карда шудаанд. Садамаи нақлиётӣ дар ҚазоқистонДушанбе, 18 декабр.(АМИТ «Ховар»).Дар вилояти Павлодари Ҷумҳурии Қазоқистон садамаи нақлиётӣ ба амал омад. Бар асари бархўрди автобуси мусофирбар бо автомобили сабукрав 6-нафар ба ҳалокат расида, ду тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардошта ба беморхона интиқол дода шудааст.Ба гуфти мутахассисони соҳаи техникии садама бо айби ронандаи автобуси мусофирбар ба амал омадааст. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






