Чораҳои пешгирӣ аз сӯхтор дар Иди Cоли Нав
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрӯзҳо кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки таъмини бехатарии зиддисӯхторро дар маросимҳои солинавӣ таъмин намоянд. Бояд гуфт, ки кормандони мақомоти мазкур дар боғчаҳову муассисаҳои таълимӣ ва дар маҳалҳои зист оид ба риояи қонуну қоидаҳои бехатарии зиддисӯхторӣ вохӯриҳо гузаронида, баҳри ошкор ва мусодира кардани маводи таркандаи пиротехникӣ саҳм мегузоранд.Бинобар иттилои подполковники хизмати дохилӣ, корманди СХДО ВКД ҶТ Кароматулло Абдуллоев, барои он, ки дар чунин рӯзҳои хурсандӣ ҳодисаҳои нохуш рӯй надиҳанд, бояд ҳар яки мо ба қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор ҳангоми гузоштан ва ороиш додани арча риоя намоем. Арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад.Ҳангоми рӯй додани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба телефони «01» (аз телефонҳои мобилӣ «101») ба хадамоти оташнишонӣ хабар додан зарур аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






