Чорабиниҳои идонаи солинавӣ

Декабрь 10, 2013 11:31

Душанбе, 10.декабр.(АМИТ Ховар, Марзия Саидова).- Соли нави мелодии 2014-ро сокинону меҳмонони Душанбе бо чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ истиқбол мегиранд. Дар робита ба ин бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли нави 2014 шаҳрдори Душанбе қарори марбута ба тасвиб расонд. Тибқи ин қарор чорабиниҳои идона дар пойтахт аз 27 декабр дар мактаб-интернати №1 бо иштироки тарбиятгирандагони тамоми мактаб-интернатҳои шаҳр шуруъ мегардад. 28 декабр дар Кохи Ваҳдат-и пойтахт бо толибилмони фаъоли мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр ва 30 декабр дар толори Сирки давлатӣ арчаи солинавӣ бо барномаи идонаи консертӣ барои кӯдакони чор ноҳияи шаҳр ташкил мешавад.Макази асосии идонаи истиқболи Соли нави мелодии 2014 майдони Дӯстӣ-и пойтахт буда, дар ин ҷо арчаи солинавӣ гузошта мешавад. Дар майдони Дӯстӣ 31 декабр аз соати 19 то 21 консерти идона бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор гардида, бо 5 дақиқаи мушакпарронӣ чорабиниҳои идонаи солинавӣ анҷом меёбанд.

Декабрь 10, 2013 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд