Чораи нави ҷилавгирӣ аз дуздидани барқ
Хоруғ, 10 декабр. ( АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бар асоси тасмими ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» қарор шудааст, ки барои ба низом даровардани ҳисобу китоби сарфиёти барқ муштариёне, ки қоидаи истифодаи барқро дағалона вайрон менамоянд ва ё дар назди ширкат қарздории зиёд доранд, бо ҳисобкунакҳои дорои қуттиҳои оҳанини ранги сурх дошта таъмин хоҳанд шуд.Барномаи махсуси ҳисобкунакҳои рақамӣ дар ҳудуди вилоят аз соли 2007-ум оғоз ёфта, то ҳолати имрӯза наздики 16 ҳазор адад ҳисобкунакҳои рақамӣ дар шаҳру навоҳии вилоят насб шудаанд. Ахиран бо кӯмаку дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ҳукумати Швейтсария ба хотири таъмини аҳолии вилоят бо ҳисобкунакҳои муосир тадбири муассир рӯи даст гирифта шуд.Бо ибтикори кормандону мутахассисони «Помирэнерҷӣ» беш аз 5 ҳазор чунин ҳисобкунак дар навоҳии вилоят дар ояндаи наздик насб хоҳад шуд. Насби ҳисобкунакҳои рақамӣ пеш аз ҳама ба ҳисоб ва сарфиёти сарфакоронаи барқ мусоидат менамояд. Ин таҷҳизоти муосир дар манзилҳое, ки ба дуздии неруи барқ муттаҳам мебошанд ва ё афроде, ки беш аз 1 ҳазор сомонӣ дар назди ширкат қарздоранд, васл мешаванд. Ҳамчунин он муштариёне, ки муддати мадид аз пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ сарпечӣ мекунанд, соҳиби чунин қуттӣ мегарданд.Тафовути асосии чунин ҳисобкунакҳо аз ҳисобкунакҳои муқаррарии рақамӣ боз дар он аст, ки онҳо ба шиддати то 17, 5 киловатт соат/неруи барқ тобовар буда, дар сурати напардохтани ҳаққи неруи барқ ноқили барқи муштарӣ на аз симчӯб ҷудо мешавад, балки ба воситаи дастгоҳи махсуси фосилавӣ ин муштарӣ аз барқ маҳрум мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






