Дар чор соли охир миқдори беморони сил кам гаштааст
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо сил соли 2012 ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ 68 ҳолати гирифторӣ ба бемории сил рост омада, соли 2011 ин шумора 78 ҳолатро ташкил дод. Яъне, дар соли 2012 шумораи беморони сил камтар гаштааст. Тавре ки дар нишасти матбуотие, ки имрӯз 6 октябр дар доираи симпозиуми илмию амалӣ таҳти унвони «Рушду такмили дастрасӣ ба табобати амбулаторӣ ва нигоҳубини кӯдакони мубталои бемории сил дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ» баргузор гардид, зикр шуд, ки аз шумораи умумии беморони сил, 7,8 %-ро кӯдакон ташкил медиҳанд. Хурсандиовар аст, ки дар 4 соли охир шумораи беморони сил кам гаштааст. Дар нишасти матбуотӣ, аз ҷумла, зикр гардид, ки мақсад аз гузаронидани чунин симпозиумҳо-ин мубодилаи таҷрибаи мамлакатҳои ҳамсоя дар пешгирӣ ва табобати бемории сил мебошад. Ёдовар мешавем, ки дар кори симпозиум намояндагон аз Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия ва Украина иштирок доштанд. Инчунин дар симпозиум шахсони аз бемории сил пурра табобат ёфта ширкат доштанд. Дар назар аст, ки соли оянда чунин як симпозиуми илмию амалӣ оид ба масоили бемории сил дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






