Дар Душанбе истифодаи барқ 2,5 баробар афзуд

Декабрь 18, 2013 13:53

Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- То имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон ҳар шабонарӯз 10 миллион киловатт — соат нерӯи барқ истифода мешавад, ки нисбат ба нишондодҳои фасли тирамоҳ 2,5 баробар зиёд аст. Назар ба гуфтаи намояндагони «Шабакаи барқи пойтахт», сабаби афзоиш ёфтани истифодаи нерӯи барқ бо сард шдани ҳаво барои гарм кардани биноҳои истиқоматӣ шумораи зиёди бухориҳои барқиро мавриди истифода қарор додани сокинони пойтахт аст. Бо вуҷуди ҳар сол ба зимистон пешакӣ омодагӣ гирифтани кормандони шабакаи барқи пойтахти кишвар, дар низоми энергетикии шаҳр зуд – зуд садамаҳо рух медиҳанд. Мувофиқи суханони манбаъ, барои рафъи вазъиятҳои садамавӣ ва ҳолатҳои дигари фавқулодда дар шаҳр гуруҳҳои иловагии садамавӣ таъсис ёфтаанд.

Декабрь 18, 2013 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш