Дар Душанбе шаҳраки афсонавии солинавӣ қомат рост мекунад
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Бо қарори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев 27 декабр дар шаҳри Душанбе маросимҳои тантанавии солинавӣ оғоз меёбанд. Қабл аз оғози тантанаҳои расмӣ дар майдони маркази пойтахт арчаи асосии солинавии кишвар гузошта мешавад. Дар ин рӯз дар мактаб — интернати № 1 – и пойтахт бо иштироки тарбиягирандагони ҳамаи мактаб – интернатҳои шаҳр маҷлиси ботантана баргузор гардида, ҳунарпешагон барномаҳои консертии худро намоиш медиҳанд.28 декабр дар қасри «Кохи ваҳдат» барои аълохонони макотиби шаҳри Душанбе намоишномаи солинавӣ доир мегардад. 30 декабр кӯдакони оилаҳои камбизоат аз номи Президенти кишвар ва раиси шаҳр ба арчаи анъанавии солинавӣ воқеъ дар Сирки давлатӣ даъват мешаванд. 31 декабр дар майдони «Дӯстӣ» — и пойтахт бо иштирок ситораҳои эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор мешавад. Дар шафати ҳайкали Исмоили Сомонӣ барои кӯдакон ва сокинони пойтахт шаҳраки афсонавӣ қомат рост мекунад, ки кӯдакон дар он ҷо бозию дилхушӣ менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






