Дар Хатлон 9 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд

Декабрь 23, 2013 11:57

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 29 ҳодисаи сўхтор бо хисороти молии 63920 сомонӣ ба қайд гирифта шуд. Масоҳати умумии сўхторҳо 886 метри мураббаъро ташкил дода, маблағи аз сўхтор эмин дошта шуда ба 1063534 сомонӣ баробар мебошад. Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш оташбозии кўдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ ва ғайраҳо мебошанд.  Дар ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд 6 ҳодисаи сӯхтор, дар Хатлон 9 ҳодиса, дар Душанбе 7 ҳодиса ва дар ноҳияи Рашт 3 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст.

Декабрь 23, 2013 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш