Дар Мурғоб неругоҳи нав бунёд мегардад
Хоруғ, 26 декабр. (АМИТ»Ховар», Файз Мирасан).- Дар ноҳияи баландкуҳи Мурғоб дар болои рудхонаи Оқсу неругоҳи нав бунёд мегардад. Барои бунёди неругоҳи Мурғоб 5 млн. евро аллакай аз ҷониби Бонки олмонии Рушд ҷудо гардид, ки бобати ин шартномаи сеҷониба байни Вазорати рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати барқи «Помирэнержи» ва Бонки Олмонии Рушд ба тасвиб расид. Сокинони Мурғоб, ки дар иқлими сард ва аз сатҳи баҳр хеле баланд зиндагӣ мекунанд, ба ин неругоҳ ниёзи зиёд доранд. Дар солҳои наздик дар нақша ҳаст, ки боз се неругоҳи миёнаҳаҷм дар вилоят бунёд ёбанд, ки инҳо неругоҳи Себзор дар ноҳияи Роштқалъа, неругоҳи Санобод дар ноҳияи Рӯшон ва неругоҳи Мурғоб дар ноҳияи Мурғоб мебошанд.Дар айни замон дар қаламрави Бадахшон ду неругоҳи калонҳаҷм — неругоҳи барқи обии Помир-1 ва неругоҳи Хоруғ бо иқтидори пурра фаъолият дошта, 80 фоизи аҳолии қаламрави ВМКБ ба неруи барқ дастрасии пурра дорад. Маркази вилоят шаҳри Хоруғ ва навоҳии атрофи он 24 соат дар як шабонарӯз бо неруи барқ таъмин мебошанд, танҳо 20 деҳаи дурдасти куҳистон аз тариқи реҷа бо барқ таъмин мегарданд. ки бештари ин деҳаҳо дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва ноҳияи Мурғоб ҷойгир мебошанд ва дар солҳои наздик бо бунёди неругоҳҳои навбатӣ норасогии неруи барқ дар ин деҳаҳо, аз ҷумла дар қаламрави ноҳияи Мурғоби баландкуҳ низ аз байн меравад. Дар айни замон дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи Оқсу, ки солҳои шастуми асри гузшата сохта шудааст, фаъолият дорад.Дар фасли зимистон, ки ҳарорати ҳаво дар ноҳияи Мурғоб ҳатто то ба 45 дараҷа хунукӣ мерасад, оби дарё ях мебандад ва мушкилиҳои зиёдеро дар кори неругоҳ ба миён меорад. Аҳолии ноҳияи Мурғоб имрӯзҳо бештар аз таҷҳизоти аз гармии офтоб неруи барқ ҳосилкунанда истифода мебаранд ва баробари ба охир расидани корҳои лоиҳакашӣ дар соли 2014 бунёди неругоҳи Мурғоб дар дарёи Оқсу оғоз меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






