Дар Тоҷикистон беш аз ним миллион тонна ангишт истихроҷ шуд
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Тайи 11 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз ним миллион тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 100 ҳазор тонна зиёд аст. Корхонаҳои бахши истихроҷи ангишт ба манзури иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013 – 2014» истихроҷи ангиштро зиёд менамоянд. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, тайи 11 моҳи соли равон ҳаҷми фурӯши ангишт 450 ҳазор тоннаро ташкил дод. Захираи ангишт бо назардошти бақияи соли гузашта дар анбору бунгоҳҳои фурӯш баробари беш аз 85 ҳазор тонна мебошад. «Алҳол беш аз 60 корхонаи саноатӣ бо истифода аз ангишт фаъолият дошта, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо назардошти истифодаи ангишт бунёд мегарданд. Ғайр аз ин дар Тоҷикистон бунёди як қатор корхонаҳои тавлиди маводи сохтмонӣ дар назар аст, ки онҳо бо истифода аз ангишт кор мекунанд», — зикр намуд манбаъ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






