Дар Тоҷикистон куллиёти ибни Сино чоп мешавад
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Олимони тоҷик баъди ҳазор сол бори нахуст китоби Абӯалӣ ибни Сино «Китоб – уш- шифо» — ро тарҷума мекунанд. — Осори Абӯалӣ ибни Сино кайҳо боз дар пажӯҳишгоҳи мо ба таври ҷиддӣ омӯхта мешавад. Мо аз Эрон, Миср ва Дубай бисёр дасхатҳои ӯро овардаем, — гуфт зимни мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи ба номи академик А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувоҳид Шамолов.Ҳоло дар пажӯҳишгоҳ дар асоси маълумоти бадастомада куллиёти Абӯалӣ ибни Сино ба чоп тайёр карда мешавад. Ба гуфтаи Абдувоҳид Шамолов, куллиёти ибни Сино иборат аз 16 ҷилд хоҳад буд. Алҳол олимон 14 ҷилди онро ба чоп тайёр кардаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






