Дастаи футболи «Амонатбонк» пешсаф аст
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Аз нимаи дуюми моҳи декабри соли ҷорӣ 21-умин мусобиқаи анъанавии футболи хурд ба хотири футболбози машҳур Александр Кирсанов дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» низ ширкат дорад. Дар ин мусобиқа беш аз 30 даста аз ҳисоби дӯстдорон ва собиқадорони ин намуди варзиш иштирок ва қувваозмоӣ дорад.
Тавре ки аз хадамоти бонк хабар доданд, аз рӯзи оғози ин мусобиқа то ба имрӯз дастаи «Амонатбонк» бо натиҷаҳои олӣ қувваозмоӣ намуд. Дастаи «Амонатбонк» 12-уми декабр дар вохӯрии аввалини худ бо дастаи «Хайр» бо натиҷаи 9:3 пирӯзӣ ба даст овард. Сипас бо дастаҳои «Ориёнбонк» ва «Қарияи боло» қувваозмоӣ намуда, ҳарду дастаро бо ҳисоби 6:1 ва 5:3 мағлуб намуд. Даста дар бозии навбатии худ бо дастаи «Осимӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон пирӯзии навбатиро сазовор гашта, бо ҳисоби 4:3 ғолибиятро ба даст овард. Дастаи «Амонатбонк» дар чаҳор бозӣ ғолиб шуда, байни гуруҳҳо пешсаф мебошад.
Қобили зикр аст, ки ин мусобиқа то 26-уми декабр идома ёфта, ғолибон дар се гуруҳ аз ҳисоби собиқадорон ва дӯстдорони варзиш муайян мегарданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






