Дастгирии донишҷӯён

Декабрь 25, 2013 09:51

Кӯлоб, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар арафаи Соли нав раҳбарияти тозатаъйини ноҳияи Фархор бо донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Кӯлоб таҳсил мекунанд, вохӯрӣ доир намуданд. Қабл аз оғози чорабинӣ дар саҳни толор намоиши дастовардҳои илмӣ ва ихтирооти олимону донишҷӯёни факултаҳои алоҳида ба маърази тамошо гузошта шуд. Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки раёсати Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб, Коллеҷи тиббӣ ва омӯзгорӣ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос саҳми муносиб доранд, бахусус баҳри донишҷӯёне, ки тибқи квота таҳсил мекунанд ва ятимони кулл шароити лозимӣ муҳайё месозанд ва ин донишҷӯён аз таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату ҳукумат ва раёсати муассисаҳои таълимӣ изҳори қаноатмандӣ менамоянд.Дар вохӯрӣ раҳбарияти ноҳия ба як зумра омӯзгорон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, ба донишҷӯён кӯмаки яквақтаи молӣ доданд. Бояд зикр намуд, ки раҳбарияти ноҳияи Фархор ва шуъбаи маориф пайваста аз шароити зист ва таҳсили донишҷӯён бохабар мешаванд. Ва натиҷаи ҳамин аст, ки муҳассилини ин ноҳия дар донишгоҳу коллеҷҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд.

Декабрь 25, 2013 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш